Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ; аз Лондон , рӯзномаи Daily Mail навишт қурбониёни воксани коронаии ширкати AstraZeneca аз шунидани хабари ҷамъоварии воксанҳои ин ширкат иброз шодӣ мекунанд , зеро мегӯянд ин воксанҳо , аворизе доштааст .
Ин рӯзнома навишт : Вакилони 81 нафар аз аъзои хонаводаи қурбониёни воксани коронаии ширкати AstraZeneca дар Англис мегӯянд аз ин пас , фарди дигарӣ осеб нахоҳад дид .
Ба навиштаиDaily Mail, шумори бисёр андакӣ аз дарёфткунандагони воксани коронаи ширкат AstraZeneca мегӯянд аворизи ин воксан , ба марги 81 нафар дар Англис мунҷар шудааст , аммо чун аъзои хониводаи қурбониён , дар муддати муаян шудаи се сола , шикоят накардаанд , наметавонанд ғаромат дарёфт кунанд .
Рӯзномаи Daily Mail навишт : Дар замони оғози ҳамагирии Ковид , воксани AstraZeneca ба унвони пештози дониши инглисӣ ба бозор омад , аммо дар моҳҳои ахир , дар бораи аворизи лахта шудани хӯн дар дарёфткунандагон он , ахбори мутаъаддиди мунташир шудааст .
Ширкати AstraZeneca, ширкати инглисӣ-суидӣ аст.
342/